dcsimg

Эспарсет ( Tajique )

fornecido por wikipedia emerging languages

Эспарсе́т, қатраборон (лот. Onobrýchis) — ҷинси рустаниҳо аз оилаи лӯбиёиҳо. То 150 намудаш маълум аст[2].

Синонимҳо: Dendrobrychis (DC.) Galushko, Xanthobrychis Galushko

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

 src=
Тухм ва мева

Системаи решаи он тиррешаи хеле инкишофёфта буда, то 3—4 м ва аз он зиёдтар чуқур зери хок меравад. Пояҳояш аз 50 то 120 см қад доранд ва пашмакдор, сершох буда, буттааш зич ё каме парешонбутта мебошанд. Пояашон холӣ холӣ ё бо бофтаҳои паренхимӣ пур аст[3].

Баргаш тоқа-тоқа буда, аз 7—16 баргча иборат аст. Баргчаҳо элипсшакл, тухмшакл ё нештаршакл мешаванд. Раги мобайнии баргчаҳо аз қади онҳо дарозтар аст. Канори баргҳо яклухт. Тарафи чаппаи баргҳояш нобаробарпашмак дорад ё серпашмак мебошад[3]

Тӯдагулаш дароз буда, гулаш гулобии тобишҳои гуногун дорад. Думчаи гулаш кӯтоҳ аст. Дарозии тоҷгулаш аз 6 то 12 мм мебошад. Ранги тоҷгулаш аксар гулобӣ буда рахҳои кӯндаланги бештар сиёҳтоб дорад[3].

Мевааш нимлӯнда ё тухмшакли кунҷдор буда ғилофакҳояш яктухма ва намекафидагӣ мебошанд. Ғилофакҳо бӯрранг, қаҳваранг, хокистарранги сабзтоб мешаванд. Сатҳаш бурмадор аст. Андозаи ғилофакҳояш 6—8 мм мешавад. Вазни 1000 дона тухмаш 18—25 г аст[3].

Корбурд

Эспарсет, ба монанди юнучқа алафи бисёрсолаи ғилофакдор буда, барои беда, орди беда, хуроки сабз, тарбеда силос ва чаронидани чорво истифода бурда мешавад. Эспарсет аз ҷиҳати қимати хурокиаш аз юнучқа хеле бартарӣ дорад, аз ҷиҳати миқдори протеини ҳазмшаванда бошад, ба он наздик аст[4].

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Onobrychis.The Plant List
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Қосимов Д. Қ., Крейдик Б. М., Невзоров В. В. Зироатҳои Тоҷикистон. (Тарҷ. А. Ҳайдаров). — Д.: «Ирфон», 1975. — С. 224. — 280 с.
  4. Қосимов Д. Қ., Крейдик Б. М., Невзоров В. В. Зироатҳои Тоҷикистон. (Тарҷ. А. Ҳайдаров). — Д.: «Ирфон», 1975. — С. 222. — 280 с.

Адабиёт

  • Шмальгаузен И. Ф. Флора Средней и Южной России, Крыма и Северного Кавказа. Руководство для определения семянных и высших споровых растений. Киев, тип. т-ва печ. дела и торг. И. Н. Кушнерев и Ко в Москве, Киевск. отд-ние. Т. 1. Двудольные свободнолепестные. 1895. С. 259.
licença
cc-by-sa-3.0
direitos autorais
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
original
visite a fonte
site do parceiro
wikipedia emerging languages

Эспарсет: Brief Summary ( Tajique )

fornecido por wikipedia emerging languages

Эспарсе́т, қатраборон (лот. Onobrýchis) — ҷинси рустаниҳо аз оилаи лӯбиёиҳо. То 150 намудаш маълум аст.

Синонимҳо: Dendrobrychis (DC.) Galushko, Xanthobrychis Galushko

licença
cc-by-sa-3.0
direitos autorais
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
original
visite a fonte
site do parceiro
wikipedia emerging languages