Курмак (лот. Echinóchloa crus-gálli) — ҷинси гиёҳи яксолаест мансуб ба хушаиҳо. Пояаш сершохча, баргаш борику нештаршакл, хушачааш якгулаи дуҷинсаи байзашакл, пулакчаи хушааш нафиспӯст.