dcsimg
Image of avocado
Creatures » » Plants » » Dicotyledons » » Laurel Family »

Avocado

Persea americana Mill.

Авокодо ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Авокодо — (Persiaamericana), дарахти мевадиҳандаи ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. 3 гурӯҳи ҷуғрофии Авокодо мавҷуд аст: мексикоӣ, вест - индиявӣ ва гватемалӣ. Ҳар яки онҳо хусусиятҳои махсуси инкишоф доранд.

Таърих

Авокодо дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақрибан 8000 сол то мелод мерӯид. Олимон бар он ақидаанд, ки ҷангалҳои беканори Авокодо дар қаламрави штати ҳозираи Калифорния ҷой гирифта буданд. Меваи Авокодо хӯроки динозаврҳо маҳсуб мешуд. Авокодо миёнаи асри 17 ба Ямайка оварда шуд. Дар асри 18 он ба дигар манотиқи тропикии Осиё паҳн гардид. Айни замон тақрибан 400 намуди он дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ШМА, Бразилия, мамлакатҳои Африка, Исроил парвариш меёбад. Авокодо дарахти зудсабз ва сершоху барг буда, то 10 – 20 м қад мекашад. Баргаш байзашакл (дарозиаш 10 – 12 см); гулаш майдаи сабзранг, дуҷинса, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Мевааш донакдор, мурӯдмонанд ё курашакл (дарозиаш 5 – 10 см, вазнаш 250 – 600 г); пӯсти мевааш сахт, сабзи тира, баробари пухта расидан сиёҳранг мешавад; гӯшташ сабз ё зарди сабзтоб, равғанин. Дарахти Авокодо гармидӯст буда, дар замини намнок хуб нашъунамо меёбад. Ба камобиву сардӣ тобовар нест. Гарчанде гулаш худ гардолуд шавад ҳам, баъди аз шукуфаи диг. навъҳо гардолуд шудан ҳосили хуб меорад. Аз ҳар бех дарахти он 150 – 200 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Аз тухм, қаламча ва пайванд афзоиш меёбад. Меваи Авокодо серғизо буда, то 30% равған дорад. Дар таркиби 100 г меваи Авокодо 1,6% –2,1% сафеда, 14,6 мг витамини К, 0,2 мг витамини В6, 5,77 мг% витамини С, 437,27 мг калий, 45,19 мг намакҳои кислотаи фолеат мавҷуданд. Меваи Авокодо ба хӯрокиҳои парҳезӣ мансуб аст. Инкишофи бемориҳои саратониро дар организми одам пешгирӣ мекунад; истеъмоли он барои ҷигар нофеъ мебошад. Дар таркиби барг ва донаки Авокодо моддаи заҳрноке мавҷуд аст, ки боиси пайдоиши бемориҳои узвҳои ҳозима ва аллергия мегардад. Меваи Авокодоро бештар дар таббохӣ истифода мебаранд. Равғани он давои хуби оростагӣ буда, пӯстро тозаю ботароват менамояд.

Адабиёт

Жуковский П. М., Культурные растения и их сородичи. Систематика, география, циногенетика, иммунитет, экология, происхождения, использование, Л., 1971; Ботаника. Энциклопедия «Все растения мира» (тарҷума аз англисӣ), М., 2006.

Эзоҳ

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Авокодо: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Авокодо — (Persiaamericana), дарахти мевадиҳандаи ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. 3 гурӯҳи ҷуғрофии Авокодо мавҷуд аст: мексикоӣ, вест - индиявӣ ва гватемалӣ. Ҳар яки онҳо хусусиятҳои махсуси инкишоф доранд.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia