dcsimg

Бахмалгул ( таџички )

добавил wikipedia emerging languages

БАХМАЛГÈЛ (Tagetes patula), гули бахмал, аббосӣ, як навъ гули маъмул, ки бӯи хосса дорад; гиёҳи яксола аст.

Пояаш сербаргу сершох (30–80 см қад мекашад), баргаш базеби паршакл. Хӯшагул (сабадак)-аш майда (қутраш 3–6 см); гулаш махмалӣ, зард, норанҷӣ ё сурхтоб. Тухмаш сиёҳ, то 3 сол қобили сабзиш аст. Бахмалгул вобаста ба шароити маҳал баъди 4–18 рӯзи кишт нашъунамо ёфта, аз моҳи июл то сармои аввал гул мекунад. Дар ҳама гуна замини намаш муътадил ва қатъаи кушод, инчунин сояҷо хуб месабзад. Бахмалгулро, одатан, барои барпо кардани гулзору гулгашт, гулхат, гулнақш ва ғ. истифода мебаранд. Табибони халқӣ ҷӯшоби «сабадак»-и Бахмалгулро чун доруи арақовару пешоброн ва киҷҷакуш тавсия медиҳанд. Дар баъзе кишварҳо баргашро ба таом меандозанд. Моддаи рангбахш ва равғани эфири гулбаргҳои Бахмалгул (0,1%) низ дар хӯрокворӣ ба кор меояд.

Манбаъ

лиценца
cc-by-sa-3.0
авторски права
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
изворно
посети извор
соработничко мреж. место
wikipedia emerging languages

Бахмалгул: Brief Summary ( таџички )