dcsimg
اسم غير محسوم

Lavatera cachemiriana

Хатмӣ ( الطاجيكية )

المقدمة من wikipedia emerging languages

Хатмӣ (лот. Lavatera cashemiriana), хитмӣ, хайрии сурх[2]рустании бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Баландиаш 25 − 110 см мешавад. Пояаш — яктои ростистода ва нӯгҳояш камтар овезон мебошад. Баргҳояш — паҳанаки барг 3 — 15 см дар дарозӣ ва аз 3 — 5 кунҷ иборат буда, аз рӯи шаклаш камтар барги ангурро ба хотир меорад. Гулҳояш — ранги бунафшаранг ё сурхи баланд доранд. Хӯшагулаш — ғиҷилшакл мебошад. Мевааш — аз 20-25 доначаҳои майда иборат буда, камтар ноҳамвор мебошанд. Тухмаш — муғчашакл буда, диаметрашон 0,3 — 0,35 мм мебошад ва рангашон маллаи торик буда, моҳҳои август сентябр пухта мерасанд.

Густариш

Хатмии худруй дар Эрон, Афғонистон, кишварҳои пасошӯравӣ ва ғайра маъмул аст. Дар Тоҷикистон хатмӣ асосан дар ҷангалзори паҳнбарг, настаранзор ва юғанзори қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, ҷануб ва шарқи ҷумҳурӣ (1450—2400 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Дар шароити табиии Тоҷикистон хатмӣ моҳҳои июн — июл гул мекунад ва моҳи август тухм мебандад.

Корбурдҳо

Аз пояи хатмӣ нахи дурушт мегиранд ва аз он асосан арғамчину ресмони дурушт тайёр мекунанд. Хатмӣ ро пеш барои ранг кардани матоъ низ истифода мебурданд. Тухми хатмӣ 11 — 45 % равған ва баргаш 112—206 мг% витамини С дорад.

Хосиятҳои шифоӣ

Хусусиятҳои доруии хатмӣ, гули хайрӣ ва ғармаш қариб якхелаанд. Абӯалии Сино бо барг ва ҷӯшоби бехи хатмӣ «сӯзиш»-и пешобдону рӯда ба омоси рӯдаи ғафсро табобат мекардааст. Тухми хатмӣ хусусияти балғаму исҳоловарӣ дорад, инчунии сулфа ва хунпартоиро барҳам медиҳад. Ибни Сино аз хатмӣ марҳам тайёр карда, ба омос ва думбал (пучак) мебастааст.

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 91. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.

Адабиёт

  • Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Д., 2007

ترخيص
cc-by-sa-3.0
حقوق النشر
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
النص الأصلي
زيارة المصدر
موقع الشريك
wikipedia emerging languages

Хатмӣ: Brief Summary ( الطاجيكية )

المقدمة من wikipedia emerging languages

Хатмӣ (лот. Lavatera cashemiriana), хитмӣ, хайрии сурх — рустании бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулҳо.

ترخيص
cc-by-sa-3.0
حقوق النشر
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
النص الأصلي
زيارة المصدر
موقع الشريك
wikipedia emerging languages