dcsimg

Калмурғ ( الطاجيكية )

المقدمة من wikipedia emerging languages
 src=
Калмурғ

Калмурғ - (Aegypius monachus), паррандаест соҳибчангол. ҷуссаи калон ва нӯлу панҷаҳои бақувват дорад. Сараш бемӯй, болаш дароз (750 —780 мм), думаш нисбатан кутох, (350—405 мм), вазнаш 7—11,5 кг (модинааш 7,5— 12,5 кг). Рангаш буря баланд. Лонаашро дар болон дарахтони баланд ва баъзан дар шохсорон аз навдаҳои хушкида месозад. Охири март— аввали апрел 1 тухм мегузорад. Тухмро ҳар ду ҷинс зер мекунанд, Чӯҷаҳо дар 3-моҳагӣ паррончак мешаванд. Ҷуфти Калмурғ доимист (як лонаро даҳҳо сол истифода мебаранд). Калмурғ паррандаи лошахӯр аст. Ҷасади ҷонваронро хӯрда, паҳншавии касалиҳои сироятии ҳайвону одамро пешгирӣ мекунад. Солҳои охир дар натиҷаи корам шудани заминҳо, истифодаи пеститсидҳо ва ғайраҳо миқдори Калмурғ кам шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  1. Абдусалямов И. А Фауна Таджикской CСP, т. 19, ч. 1, Душанбе., 1971.
ترخيص
cc-by-sa-3.0
حقوق النشر
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
النص الأصلي
زيارة المصدر
موقع الشريك
wikipedia emerging languages

Калмурғ: Brief Summary ( الطاجيكية )

المقدمة من wikipedia emerging languages
 src= Калмурғ