dcsimg

Гиббонҳо ( tagich )

fornì da wikipedia emerging languages
 src=
Гиббон

Гиббонҳо (Hylobatidae), оилаи маймунҳои одамшакли майда, аз гурӯҳи приматҳо. Гиббонҳо ду ҷинс доранд: аслӣ (Hylobates), ки аз 6 намуд ва сиамангҳо(Symphalangus) ки аз як намуд (S. syndactylus) иборатанд. Дарозии тани Гиббонҳои аслии нар-40-64 см, вазнаш 4-8 кг. Сиамангҳо нисбатан калонтар буда, дарозии танашон 47-60 см ва вазнашон 9,5-12,5 кг мешавад. Гиббонҳо дастони хеле дароз, пашми ғулӣ ва ранги хокистарӣ ё зарди сиёҳтоб доранд. Бештар дар болои дарахтон рӯз гузаронда, мева, барг, муғҷа, ҳашарот, тухму чӯҷаи парандаҳоро мехӯранд. Гиббонҳо дар Чини Ҷанубӣ, ҷазираи Суматра, Ява, Калимантан, нимҷазираи Малакка паҳн шудаанд.

Шаблон:Приматҳо

licensa
cc-by-sa-3.0
drit d'autor
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia