dcsimg

Найшакар ( tadjik )

fourni par wikipedia emerging languages

Найшакар (лот. Sáccharum) — ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳо­яш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст.

Парвариш

Найшакарро аз қаламча зиёд мекунанд. Дар плантатсияҳои найшакар соле 3—5 маротиба ҳосил меғундоранд, ки ҳуҷайраҳои паренхимии пояи он то 20% (найшакари худрӯй 2—10%) қанд до­рад. Аз шираи он ром тайёр мекунанд. Партонҳояшро дар сохтмон ва чун сӯзишворӣ ба кор мебаранд. Осиёи Ҷанубу Шарқиро ватани найшакар мешуморанд. Найшакарро дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз мелод кишт мекарданд. Дар асри 6 Найшакар дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, баҳри Миёназамин ва Хитой парвариш мешуд. Найшакарро дар асри 15 ба ҷазҳои Азору Канар ва дертар аз Ис­пания ба Кубаю Мексика оварданд. Ҳосилнокии маёнаи пояи найшакар 400— 500 сентнер/га (дар участкаҳои тақрибавӣ то 2000 сентнер/га) мебошад.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ найшакар чун зироати яксола дар водии Вахши Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон парвариш карда мешавад. Моҳҳои феврал— март найшакарро ба ҷуякҳо шинонида, моҳи октябр (450—500 то 800 сентнер/га) меғундоранд. Қандинокии пояи найшакар 8—10% аст. Найшакар барои истеҳсоли ром истифода ме­шавад.

Намудҳо

Бино ба маълумоти Боғҳои ботаникии подшоҳӣ Кю 36 намудро дар бар мегирад[1]:

Эзоҳ

Адабиёт

  • Поляруш Е. И., Сахарный тростник и его культура на юге Средней Азии, Сталинабад, 1959;
  • Устименно Г. В., Велюченко И. С., Тропичес­кие пропашные културы, М., 1906;
  • Жуковский П. М., Културные растения н их сородичи, Л.. 1971.

Сарчашма

licence
cc-by-sa-3.0
droit d’auteur
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Найшакар: Brief Summary ( tadjik )

fourni par wikipedia emerging languages

Найшакар (лот. Sáccharum) — ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳо­яш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст.

licence
cc-by-sa-3.0
droit d’auteur
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia