dcsimg

Овешан ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Сисанбар, овешан[2] (лот. Thýmus, аз юн.-қад. θύμος ё θύμον) — ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Пояаш одатан хамида, сершохчаи резабарг, пудинамонанд. Гулаш майда, гулобитоб, сафед ё нилгун, як ё дуҷинса, хӯшагулаш саракмонанд. Мевааш «чормағзак». Дар Кишварҳои паосшӯравӣ қариб 140 намуди сисанбар мерӯяд ва махсусан ду намуди он бисёр мебошад. Сисанбари боғиро дар Украина ва кишвари Краснодар мепарваранд. Дар Тоҷикистон 4 намуди сисанбар асосан дар нишебиҳои серсангу шахи баландкӯҳи Помиру Олой ва Тиёншон; миёнакӯҳи Ҳисору Дарвоз, Помири Шарқию қаторкӯҳи Туркистон ва фақат дар Помири Шарқӣ) мерӯяд.

Корбурдҳо

Сисанбар равғани эфири хушбӯй дорад. Сисанбарро дар саноати атриёту хӯрокворӣ ва тиб истифода мебаранд. Дар тибби мардумӣ барги сисанбарро ҳамчун давои киҷҷарон, балғамовар, мусаккин тавсия медиҳанд. Баргашро чун хушбуй ба таом меандозанд.

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 56. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Овешан: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Сисанбар, овешан (лот. Thýmus, аз юн.-қад. θύμος ё θύμον) — ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia