dcsimg

Морхӯр ( Tacikçe )

wikipedia emerging languages tarafından sağlandı

Морхӯр, бузи кӯҳӣ, бузи пармашох (лот. Capra falconeri) — ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшиест аз ҷинси буз.

Морхӯр дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон як зернамуди морхӯр маълум аст. Ҷуссааш калон (дарозии наринааш 155—170 см, вазанаш 80-109 кг; модинааш 140—150 см, вазнаш 32-41 кг), пойҳои дарози пурқувват, шохи пармашакли вазнин (3735 г) дорад (ҳаҷм ва шакли шохи морхур ҳар хел аст). Рангаш бӯри малла, ашҳабӣ ё хокистарранги сафед. Морхури нар «риш» (дарозиаш то 30 см) дорад. Пашми Морхур вобаста ба фасли сол тағйир меёбад (зимистон дарози маҳин ва тобистон нисбатан кӯтоҳи тунук мешавад). Даври ҳамлаш 5-6 моҳ; 1-2 бача (апрел ё июн) мезояд. Морхур ҷонвари хоси кӯҳистон (баландиҳои 2000—2800 м аз с. б.) аст. Дар Тоҷикистон фақат дар ҷанубу ғарби кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ сукунат дорад. Хӯрокаш алаф ва шоху барги баъзе дарахтон мебошад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо саршумори Морхур дар Тоҷикистон аз 1000 сар бештар нест. Солҳои охир саршумори Морхур боз ҳам камтар шудааст. Бино ба маълумоти Идораи шикору шикоргоҳҳои Кумитаи давлатии ҷангалдории Тоҷикистон саршумори морхур ҳамагӣ 400 сар аст (1984). Сабаби асосии кам шудани Морхур шикори ғайриқонунӣ, сохтани роҳҳои мошингард, ҳуҷуми даррандагон ва ғайра мебошад. Бо мақсади муҳофизати Морхӯр дар Тоҷикистон парваришгоҳи «Дашти Ҷум» бунёд карда шудааст, ки дар он камобеш 150 сар Морхӯр зиндагӣ мекунад. Морхӯр ба «Китоби сурхи байналхалқӣ», «Китоби сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ» ва «Китоби сурхи ҶШС Тоҷикистон» дохил шудааст. Шикори Морхӯр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1956 то кунун манъ мебошад.

 src=
Морхӯри Бухороӣ дар Боғи Вуҳуши Лос Анҷелес

Эзоҳ

lisans
cc-by-sa-3.0
telif hakkı
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Морхӯр: Brief Summary ( Tacikçe )

wikipedia emerging languages tarafından sağlandı

Морхӯр, бузи кӯҳӣ, бузи пармашох (лот. Capra falconeri) — ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшиест аз ҷинси буз.

lisans
cc-by-sa-3.0
telif hakkı
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia