dcsimg
<i>Mycobacterium fortuitum</i> resmi

Actinomycetales

Актиномисетҳо ( Tacikçe )

wikipedia emerging languages tarafından sağlandı

Актиномисетҳо (Actinomicetes), стрептомисетҳо, занбӯруғҳои шуоъшакл — навъе аз микроорганизмҳост.

Сохт

Сохти актиномисетҳо ба бактерия ва занбӯруғҳо шабоҳат дорад. Актиномисетҳоро соли 1877 олими немис К. О. Ҳартс дар ғуддаҳои актиномикози гов ошкор кардааст. Актиномисетҳо аз торҳои борики шохаронда иборатанд, ки печ хӯрда тана (митселия)-ро ба вуҷуд меоранд. Актиномисетҳо. аз спора (дар узви спораовар ҳосил мешавад) ва порчаи танаи нашвӣ афзоиш мекунанд. Спораҳо вобаста ба намуди актиномисетҳо мудаввар, тухмшакл, дарозрӯя ва қаламчашакл мешаванд. Ба актиномисетҳо проактиномисетҳо, микобактерияҳо, микококкҳо, микромоноспораҳо мансуб мебошанд. Бисёр намудҳои актиномисетҳо пигмент ҳосил мекунанд. Вобаста ба пигмент ранги актиномисетҳо кабуд, бунафш, сурх, норанҷӣ, зард, сабз ва ғайра мешавад. Актиномисетҳо хусусан дар хок, лойқаи обанбор, ҳаво ва боқимондаи растаниҳо бисёранд. Баъзе намудҳои актиномисетҳо барангезандаи касалиҳои актиномикоз, сил, хуноқ мебошанд. Актиномисетҳо бештар сапрофитанд, яъне аз ҳисоби моддаҳои органикии тайёр нумӯ мекунанд. Дар байни онҳо аэробҳо ва анаэробҳо низ вомехӯранд. Бисёр актиномисетҳо барои истеҳсоли антибиотикҳо (стрептомитсин, биомитсин, террамитсин), витаминҳо (масалан, витамини В), баъзе аминокислотаҳо, пигментҳо, моддаҳои рушди растанӣ, гормонҳо ва ғайра истифода мешаванд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Зенова Г. М., Почвенные актиномицеты, М., 1992;
  • Определитель бактерий Берджи, М., 1997.

Сарчашма

lisans
cc-by-sa-3.0
telif hakkı
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Актиномисетҳо: Brief Summary ( Tacikçe )

wikipedia emerging languages tarafından sağlandı

Актиномисетҳо (Actinomicetes), стрептомисетҳо, занбӯруғҳои шуоъшакл — навъе аз микроорганизмҳост.

lisans
cc-by-sa-3.0
telif hakkı
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia