Нилуфар, нилупал, ё нимфея[2] (лот. Nymphaéa) — ҷинси рустаниҳои обии бисёрсолаест аз нилуфариҳо.
Баргаш калон (диаметраш то 40 сантиметр), дилшакл, думчааш дароз, гулаш калон (диа- метраш то 20 сантиметр), сергулбарги рангоранг, мевааш мудаввари сертухм.
Дар дунё 40 намуди нилуфар мерӯяд. Дар дар собиқ кишварҳои Шуравӣ 3 намудаш месабзад; Нилуфари сафед (N. alba), Нилуфари сапсафед (N. Candida) ва Нилуфари чорқирра (N. tetragona). Дар кӯл, ҳавз ва дарёҳои сустҷараён бисёр аст.
Решапояи навраси нилуфарро зирбонда ё ҷӯшонда мехӯранд. Ҳамаи намудҳои Нилуфар гулҳои маъмуланд.
Дар гулҳавзи боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои PСC Тоҷикистон низ якчанд намуди онро бо муваффақият парвариш мекунанд.
Нилуфар, нилупал, ё нимфея (лот. Nymphaéa) — ҷинси рустаниҳои обии бисёрсолаест аз нилуфариҳо.