Гелос (лот. Prúnus avíum) — як навъ дарахти мева. То 25 м баланд мешавад. Барги эллипсии дароздумча (дарозиаш то 18 см, бараш то 9 см), хӯшагули чатрнамо, гули сафед (баъдтар гулобӣ мешавад), меваи нарми донакдори ширини мудаввари (то 1,7 см) сурх, зард, сиёҳ ва ғайра, 9 — 14 % қанд, то 0,8 % туршиҳои органикӣ, 0,05 — 0,15 % моддаҳои пигментӣ дорад. Нимаи аввали апрел бо оғози баргбарорӣ гул карда, дар охири май ё аввали июн мепазад.
Гелоси худрӯй дар нишебиҳои серрутубати кӯҳсори Эрон, Осиёи Хурд, Европаи Ғарбӣ, Кавказ, Қрим, Украина, Молдавия мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар ҳамаи вилояту водиҳо аз ҷумла водии Ҳисор гелосро аз ҳисоби бехҷаст зиёд ва парвариш менамоянд. Навъҳои европоии онро бо роҳи пайванд (ба ниҳолҳои гелоси маҳаллӣ, олуча ва махсусан, маҳлаб) зиёд мекунанд. Гелоси пайвандӣ дар 3 — 4 сол мева медиҳад. Ҳоло навъҳои европоӣ — ғарбии гелос («Драганаи Зард», «Денисони Зард», «Бигарра Наполеон», «Франсиосиф» ва ғайра) бештар паҳн шудаанд. Барои парвариши гелос ҳамаи водиҳо, ба вижа, водии Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ то баландии 2000 м аз сатҳи баҳр шароити мусоид доранд. Гелос асосан аз ширинча, куяи олу ва пармачӣ зарар мебинад[3]
Муаллифи китоби «Муҳити аъзам» Муҳаммад Аъзамхон қайд кардааст, ки
«Гелос ғизои андак бидиҳад ва ба сабаби рутубат ва лузуҷате, ки дорад, зудгузаранда аз меъда аст. Ҷиҳати дуруштии ҳалқ, шуш ва сурфа нафъ дорад. Ва зарар дорад ба ҳазми меъда агар бисёр хӯранд. Ва ба хилте, ки ғолиб аст, мубаддал мегардад, барои ин гелосро баъд аз таом набояд хӯрд».
Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода мекунанд. Ҷӯшоб ё компоти он чун давои балғамрон ҳангоми бронхит ва трахеит нофеъ аст; табро паст карда ба ҷисм неру ато мекунад. Гелос таъсири исҳоловар дорад. Кӯфтаи гулу барги тарашро ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, думбал ва доғи кунҷидак гузошта мебанданд.
Бино ба ақидаи табибони мардумӣ агар гелосро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан агар бо донакаш хӯрда шавад), олати мардиро ба ҳаракат меорад; хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Шилми гелос хусусияти поксозӣ дорад, часпак буда, ахлоти часпакро меканад; барои дағалии роҳи нафас, неку гардонидани ранги рухсор ва ангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Миқдори як бор хӯрдан аз шилми гелос дар як рӯз 4 грам аст. Агар он шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад.
Табибони мардумии афғон бо думчаи гелос дарди санги гурдаро табобат менамоянд: 2 қошуқ думчамеваи хушкро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, 15 дақиқа рӯи оташи паст мегузоранд. Баъди таҳшин шудан, онро полуда ҳангоми дарди санги гурда рӯзе 3 — 4 маротиба 0,5 истакон менӯшанд.
Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.
Гелос (лот. Prúnus avíum) — як навъ дарахти мева. То 25 м баланд мешавад. Барги эллипсии дароздумча (дарозиаш то 18 см, бараш то 9 см), хӯшагули чатрнамо, гули сафед (баъдтар гулобӣ мешавад), меваи нарми донакдори ширини мудаввари (то 1,7 см) сурх, зард, сиёҳ ва ғайра, 9 — 14 % қанд, то 0,8 % туршиҳои органикӣ, 0,05 — 0,15 % моддаҳои пигментӣ дорад. Нимаи аввали апрел бо оғози баргбарорӣ гул карда, дар охири май ё аввали июн мепазад.